Эълон дар бораи гузаронидани озмуни кушода ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ барои ҶСК “НБО Роғун”
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» (Ҷамъият) ширкатҳои таҷрибадори аудиториро барои изҳори манфиатдорї (пешнињод) љињати иштирок дар озмуни кушода оиди гузаронидани ҳисоботи аудитї натиҷаи фаъолияти молиявии ҶСК “НБО Роғун” барои соли молиявӣ, ки санаи 31 декабри соли 2024 ба охир мерасад, даъват менамояд.
Мақсади асосии гузаронидани аудит ин фароҳам овардани имконият барои пешниҳоди хулосаи касбии аудитор дар бораи ҳисоботи молиявии ҶСК “НБО Роғун” тибқи меъёрҳои Стандарти Байналмилалии Ҳисоботи Молиявӣ
Дар марҳилаи якуми тартиби думарҳилавии озмун оид ба дархости пешниҳодҳо, мувофиқат намудани иштирокчиён ба талаботњои зерин арзёбӣ мешавад:
– таҷрибаи кофӣ дар гузаронидани аудити фаъолияти молиявӣ;
– тахассуси касбии ҳайати корӣ ва салоҳиятнокӣ дар иҷрои аудит;
– таҷрибаи гузаронидани аудит дар иншоотҳои гидротехникӣ.
Интихоби ширкати аудиторӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Маълумоти муфассал оиди баргузории озмунро дар Супориши техникї тариќи пайванди зерин http://rogunges.tj/ru/техническое-задание-на-проведение-ау/ дастрас кардан мумкин аст.
Маълумоти иловагиро дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо телефонҳои зерин: (8-3134) 21-8-56, +992-98999-00-88, ё дар суроғаи: 735417, ш. Роғун, куч. Сохтмончиён, 40, ва ё 734024, ш. Душанбе, куч. Техрон, 1 (ошёнаи 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон), идораи ҶСК НБО «Роғун».E-mail: info@rogunges.tj гирифта метавонед. Пешниҳодњои иштирокчиён бояд дар шакли хаттӣ ба суроғаи дар боло зикршуда шахсан, ё бо почта электронї, ё факс на дертар аз соати 17:00 санаи 18 апрели соли 2024 пешниҳод карда шавад.