1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» (Ҷамъият) ширкатҳои таҷрибадори аудиторӣ барои изҳори манфиатдорӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмиллалии кушода оиди гузаронидани ҳисоботи аудитӣ натиҷаи фаъолияти молиявии Ҷамъият барои соли 2021 даъват менамояд.
2. Мақсади асосии гузаронидани аудит ин пешниҳоди хулосаи касбии аудитор дар бораи ҳисоботи муҳосиботӣ ва молиявӣ, мувофиқи меъёрҳои байналхалқии ҳисоботӣ ва аудиторӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд.
3. Меъёрҳои асосии ворид намудани ширкатҳои машваратӣ-аудиторӣ ба рӯйхати мухтасар ин:
– таҷрибаи кофӣ дар гузаронидани аудити фаъолияти молиявӣ;
– тахассуси касбии ҳайати корӣ ва салоҳиятнокӣ дар иҷрои аудит;
– таҷрибаи гузаронидани аудит дар иншоотҳои гидротехникӣ.
4. Интихоби ширкати аудиторӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ширкати аудиторӣ мувофиқи усули «Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш” интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагиро дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо телефонҳои зерин: (8-3134) 21-8-56, +992-98999-00-88, ё дар суроғаи: 735417, ш. Роғун, куч. Сохтмончиён, 40, ва ё 734024, ш. Душанбе, куч. Техрон, 1 (ошёнаи 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон), идораи ҶСК НБО «Роғун».E-mail: info@rogunges.tj гирифта метавонед.
5. Изҳори манфиатдорӣ бояд дар шакли хаттӣ ба суроғаи дар боло зикршуда шахсан, бо почта ва ё факс на дертар аз соати 17:00 санаи 09 апрели 2021 пешниҳод карда шавад.