1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҶСФ «Сохтмони асосӣ», ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд – хизматрасон) барои ширкат дар озмуни кушода бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти сабукрави хизматӣ даъват менамоем.
2. Тавсифи муфассал ва шартҳои Қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом пудратчӣ бо дархости хаттии вай аз шаҳри Душанбе кӯчаи Теҳрон-1, бинои Китобхонаи миллӣ бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:
– Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи ҶСК «НБО Роғун» (арзиши ҳуҷҷат 270 сомонӣ).
3. Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст, Дархостҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1600, рӯзи 01 марти соли 2019 пешниҳод карда шавад.
Сана ва вақти кушадони дархост: 01 марти соли 2019 бо суроғаи ш. Роғун кӯчаи Сохтмончиён-40 соати 1600 дар маҷлисгоҳ
4. Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд. Телефон барои маълумот; 989990082;