1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иншооти сохташаванда ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни хариди давлатӣ аз тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати дар соли 2019 иҷро намудани корҳои сохтмонӣ пойгоҳи зилзиласанҷӣ Оби-Гарм ва Майдони боло даъват менамояд.
2. Тавсифи муфассали расмиёти озмунӣ ва шартҳои Қарордод дар Ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки онҳо ба ҳар кадом иштирокчии манфиатдор тибқи дархости хаттии ӯ баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ (270 сомонӣ барои ҳар як лоти алоҳида) аз ҷониби котиби масъули Комиссияи тендерӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон,1 (бинои Китобхонаи миллӣ) пешниҳод карда мешавад.
3. Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст. Дархостҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1430 рӯзи 08 октябри соли 2019 пешниҳод карда шавад.
– Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.
Сана ва вақти кушадони дархост: 08 октябри соли 2019 бо суроғаи ш. Роғун, кӯчаи Сохтмончиён, 40 соати 14:30 (дар маҷлисгоҳ).
4. Маълумоти иловагӣ оид ба расмиёти озмунӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон,1 (бинои Китобхонаи миллӣ) дастрас мебошад:
Шахси масъул барои тамос – Шарипов Фаррух Зарифович, тел: 98-999-00-82 e-mail: info@rogunges.tj