1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд – хизматрасон) барои ширкат дар озмуни кушода бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати харидорӣ намудани автошинаҳои андозаашон гуногун, равғанҳои молиданӣ ва филтрҳо даъват менамоем.
2. Тавсифи муфассал ва шартҳои Қарордод, ҳамҷунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом пудратҷӣ бо дархости хаттии вай аз шаҳри Душанбе кӯҷаи Теҳрон-1, бинои Китобхонаи миллӣ бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷатҳои озмунӣ ба хазинаи ҶСК «НБО Роғун» (арзиши ҳуҷҷат 250 сомонӣ).
3. Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст. Дархостҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1400, рeзи 17 ноябри соли 2017 пешниҳод карда шавад.
Сана ва вақти кушадони дархост: 17 ноябри соли 2017 бо суроғаи ш. Роғун куҷаи Сохтмонҷиён-40 соати 14:00 дар маҷлисгоҳ
4. Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд. Телефон барои маълумот; 989990082;