ОГОҲИНОМА
ҶСК “НБО Роғун” ба ҳайси ташкилкунандаи озмун бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати харидорӣ намудани таҷҳизот, дастгоҳ ва асбобҳо барои Озмоишгоҳи химиявӣ ба таваҷҷуҳи Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ мерасонад, ки муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерии довталабон мутобиқи муқаррароти қисми 5 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор, ва хизматрасонӣ» то 21 июни соли 2019 соати 14.00 тамдид карда шудааст.
Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.
Расмиёти кушодани лифофаҳо бо дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи Комиссияи тендерӣ дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “НБО Роғун” воқеъ дар шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40, дар сана ва вақти болозикр баргузор мегардад.