ҶСК “НБО Роғун” ба ҳайси ташкилкунандаи озмуни бо ҳуқуқи бастани шартнома ҷиҳати харидорӣ ва васлу насб намудани таҷҳизотҳои муосири тақвияти овоз ва экранҳо, ки рўзи 07.05.2019 соати 1330 ба нақша гирифта шуда буд ва бо ҳамин мазмун дар рўзномаи “Ҷумҳурият” аз 19.04.2019 № 75 матни эълон чоп шудааст, ба таваҷҷуҳи Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ мерасонад, ки муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерии довталабон то 15 майи соли 2019 соати 1340 тамдид карда шудааст.
Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.
Расмиёти кушодани лифофаҳо бо дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи Комиссияи тендерӣ дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “НБО Роғун” воқеъ дар шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён, 40 дар сана ва вақти болозикр баргузор мегардад.