No Result
View All Result
  • Русский
  • English
БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • ҶОЙИ КОР
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • ҶОЙИ КОР
НБО Роғун
No Result
View All Result

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

admintj by admintj
09.05.2023
in Хабарҳо
0
0
SHARES
124
VIEWS
Дар Facebook мубодила кунедДар Twitter мубодила кунед

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд. Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садои суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Паёми қаблӣ

ПЕШДАРҒОТИ НЕРӮГОҲ

Паёми навбатӣ

Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард.

admintj

admintj

Паёми навбатӣ
Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард.

Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Маълумоти НБО Роғун

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (тоҷ. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун) як неругоҳи барқи обии дар Тоҷикистон сохта шуда дар дарёи Вахш буда, бахше аз каскади Вахш буда, марҳилаи болоии он мебошад. Баъди анҷоми лоиҳа сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон ва нерӯгоҳ ба иқтидори 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мегардад.

Тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735417,
Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40
Тел: (992 3134) 22436 (шӯъбаи умумӣ),
(992 3134) 21517 (қабулгоҳ)
Факс: (992 3134) 22435
E-mail: info@rogunges.tj

Тамос барои хориҷи кишвар

+992 37 2410405

Шабакаҳои иҷтимоӣ

  • 2024 ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфуз аст

© 2024 ҶСК "НБО Роғун"

No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • Ҷойи кор
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English

© 2024 ҶСК "НБО Роғун"