No Result
View All Result
  • Русский
  • English
БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • ҶОЙИ КОР
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • ҶОЙИ КОР
НБО Роғун
No Result
View All Result

ДАРХОСТИ ИЗҲОРИ МАНФИАТ (ХИЗМАТРАСОНИҲОИ КОНСАЛТИНГӢ – ИНТИХОБИ ШИРКАТҲО)

admintj by admintj
23.04.2026
in ТЕНДЕРҲО, Хабарҳо
0
0
SHARES
9
VIEWS
Дар Facebook мубодила кунедДар Twitter мубодила кунед

ДАРХОСТИ ИЗҲОРИ МАНФИАТ

(ХИЗМАТРАСОНИҲОИ КОНСАЛТИНГӢ – ИНТИХОБИ ШИРКАТҲО)

Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳа: Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун
Номи супориш: Аудити ҳисоботи молиявии ҶСК НБО «Роғун» барои соли 2026 тибқи СБҲМ

ҶСК НБО «Роғун» (минбаъд – «Фармоишгар») дар доираи татбиқи Лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» ният дорад ширкати аудиториро барои пешниҳоди хизматрасониҳои консалтингӣ ҷалб намояд.

Хизматрасониҳои консалтингӣ (минбаъд – «Хизматрасониҳо») аудити ҳисоботи молиявии солонаи ҶСК НБО «Роғун»-ро барои давраи аз 1 январи соли 2026 то 31 декабри соли 2026 мутобиқи Стандартҳои байналмилалии аудит (ISA) ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) дар бар мегиранд. Давомнокии пешбинишудаи иҷрои супориш на бештар аз шаш моҳ пас аз анҷоми давраи ҳисоботӣ мебошад.

Мушаххасоти муфассали техникӣ (ТЗ/ToR) дар истиноди зерин дастрасанд:
https://rogunges.tj/ru/tehnicheskoe-zadanie-na-audit-finansovoj-otchyotnosti-oao-rogunskoj-ges-za-2026-god-nachinayushhijsya-01-yanvarya-2026-goda-i-zakanchivayushhijsya-31-dekabrya-2026-goda/ ва https://rogunges.tj/wp-content/uploads/2026/04/teh-zad-eng.pdf

Фармоишгар ширкатҳои консалтингии мувофиқ (минбаъд – «Мушовирон»)-ро даъват менамояд, ки изҳори манфиати худро барои пешниҳоди Хизматрасониҳо пешкаш намоянд.

Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоте пешниҳод кунанд, ки мутобиқати онҳо ба меъёрҳои зерини интихоби кӯтоҳро нишон диҳад:

• Самти асосии фаъолияти ширкат аудити молиявӣ буда, на камтар аз панҷ сол таҷрибаи корӣ дар ин соҳа дошта бошад.

• Таҷрибаи исботшуда дар аудити лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва гидроэнергетикӣ (на камтар аз ду лоиҳаи шабеҳ дар даҳ соли охир).

• Имкониятҳои техникӣ ва идоракунӣ барои иҷрои супориш (аз ҷумла ҳайати мутахассисони соҳибтахассус ва таҷрибадор, инчунин низоми назорати сифат).

• Ширкат бояд ба рӯйхати ширкатҳои аудиторие дохил бошад, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ (ECA) эътироф шудаанд, ва ин рӯйхат на пештар аз 1 октябри соли 2025 навсозӣ шуда бошад.

Мушовирон метавонанд барои баланд бардоштани тахассуси худ бо дигар ширкатҳо ҳамкорӣ намоянд, ба шарте ки равшан нишон диҳанд, ки чунин ҳамкорӣ дар шакли корхонаи муштарак (joint venture) ё зерпудрат (sub-consultancy) сурат мегирад. Дар ҳолати таъсиси корхонаи муштарак, ҳамаи шарикон барои шартномаи бадастомада масъулияти муштарак ва якҷоя доранд.

Интихоби ширкати аудиторӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Маълумоти иловагиро дар вақти корӣ (08:00 то 17:00) тавассути телефонҳои зерин дастрасӣ кардан мумкин аст:
(8-3134) 21-8-56, +992-98999-00-88,
ё ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:
кӯчаи Сохтмончиён 40, ш. Роғун, 735417;

ё Дафтари ҶСК НБО «Роғун»,

кӯчаи Теҳрон 1,

 ошёнаи якуми Китобхонаи миллии Тоҷикистон,

ш. Душанбе, 734024.

Почтаи электронӣ: info@rogunges.tj

Ба таваҷҷуҳи: ҷаноби Сафарзода Х.А. – Директори генералии ҶСК НБО «Роғун».

Изҳороти манфиат бояд дар шакли хаттӣ ба суроғаи дар боло зикршуда шахсан, ё тавассути почтаи электронӣ ё факс, на дертар аз соати 16:00, 4 майи соли 2026 пешниҳод карда шавад.

Паёми қаблӣ

ТЕХНИЧЕСКОЕ ЗАДАНИЕ НА АУДИТ ФИНАНСОВОЙ ОТЧЁТНОСТИ ОАО «РОГУНСКОЙ ГЭС» ЗА 2026 год, НАЧИНАЮЩИЙСЯ 01 ЯНВАРЯ 2026 ГОДА И ЗАКАНЧИВАЮЩИЙСЯ 31 ДЕКАБРЯ 2026 ГОДА

Паёми навбатӣ

Шиносоӣ бо шабакаи WeSEE ҷиҳати пешбурди баробарии гендерӣ дар бахши энергетика

admintj

admintj

Паёми навбатӣ

Шиносоӣ бо шабакаи WeSEE ҷиҳати пешбурди баробарии гендерӣ дар бахши энергетика

Маълумоти НБО Роғун

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (тоҷ. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун) як неругоҳи барқи обии дар Тоҷикистон сохта шуда дар дарёи Вахш буда, бахше аз каскади Вахш буда, марҳилаи болоии он мебошад. Баъди анҷоми лоиҳа сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон ва нерӯгоҳ ба иқтидори 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мегардад.

Тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735417,
Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40
Тел: (992 3134) 22436 (шӯъбаи умумӣ),
(992 3134) 21517 (қабулгоҳ)
Факс: (992 3134) 22435
E-mail: info@rogunges.tj

Тамос барои хориҷи кишвар

+992 37 2410405

Шабакаҳои иҷтимоӣ

  • 2024 ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфуз аст

© 2024 ҶСК "НБО Роғун"

No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • Ҷойи кор
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English

© 2024 ҶСК "НБО Роғун"