1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иншооти сохташаванда ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни хариди давлатӣ аз тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати дар соли 2019 иҷро намудани маҷмӯи корҳои сохтмонӣ аз рӯи лотҳои алоҳида даъват менамояд.
№ | Номгӯи корҳо | Ҳаҷми корҳо |
1. | Маҷмӯи корҳои сохтмонӣ аз рӯи лотҳои алоҳида | Ҳаҷми корҳо тибқи лотҳои алоҳида |
2. Тавсифи муфассали расмиёти озмунӣ ва шартҳои Қарордод дар Ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки онҳо ба ҳар кадом иштирокчии манфиатдор тибқи дархости хаттии ӯ баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ (270 сомонӣ барои ҳар як лоти алоҳида) аз ҷониби котиби масъули Комиссияи тендерӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон,1 (бинои Китобхонаи миллӣ) пешниҳод карда мешавад.
3. Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст. Дархостҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1400 рӯзи 23 июл соли 2019 пешниҳод карда шавад.
Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.
Сана ва вақти кушадони дархост: 23 июл соли 2019 бо суроғаи ш. Роғун, кӯчаи Сохтмончиён, 40 соати 14:00 (дар маҷлисгоҳ).
Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар расмиёти кушодани лифофаҳо пешниҳод мегардад.
4. Маълумоти иловагӣ оид ба расмиёти озмунӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон,1 (бинои Китобхонаи миллӣ) дастрас мебошад:
Шахси масъул барои тамос – Шарипов Фаррух Зарифович, тел: 98-999-00-82 e-mail: info@rogunges.tj