No Result
View All Result
  • Русский
  • English
БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • ҶОЙИ КОР
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • ҶОЙИ КОР
НБО Роғун
No Result
View All Result

ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

admintj by admintj
20.05.2023
in ТЕНДЕРҲО
0
0
SHARES
7
VIEWS
Дар Facebook мубодила кунедДар Twitter мубодила кунед

(ДИО № 2960/3-855 аз 5 декабри соли 2017)

1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқиро (минбаъд – пудратчиён) барои ширкат дар озмуни хариди кушода бо иштироки номаҳдуди довталабон барои ҳуқуқи бастани шартнома ҷиҳати расонидани хизматрасонӣ оид ба “Васлу насби таҷҳизоти КРУЭ 500/220 кВ” даъват менамояд.

2. Барои ноил шудан ба мақоми тарафи эҳтимолии қарордоди харид пудратчиёни эҳтимолӣ бояд ба талаботҳои тахассусии муҳимтарини ҳуҷҷатҳои тендерӣ ҷавобгӯй бошанд, аз ҷумла:

–     тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдор ҷиҳати ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият дар самти васлу насби таҷҳизоти барқӣ бошанд;

–     дорои салоҳияти кофии касбӣ, техникӣ ва шўҳрати корӣ буда, ҳадди ақал дар давоми панҷ соли охир таҷрибаи иҷрои корҳои пудратӣ аз ҷиҳати таъйинот, мураккабӣ ва ҳаҷми шабеҳ ба предмети харид дошта бошанд;

–     имконияти анҷом додани корҳои бо қарордод пешбинишударо дар муҳлати ёздаҳ моҳи тақвимӣ аз лаҳзаи баимзорасонии қарордоди хариди давлатӣ тибқи ҷадвали асосноккунии марҳилаҳои иҷрои корҳо дошта бошанд;

–     дорои захираҳои молиявӣ, аз ҷумла дар се соли охир гардиши молиявии ҳарсоларо дар андозаи на кам аз ҳафтод миллион сомонӣ дошта бошанд ё дорои манбаи тасдиқгардидаи дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ дар андозае, ки барои иҷрои ўҳдадориҳои қарордодӣ зарур аст, бошанд;

–     дорои неруи кадрӣ, таҷҳизот ва дигар имкониятҳои моддию техникӣ ҷиҳати баъд аз анҷом додани корҳои қарордодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул намудани низоми хизматрасонии техникӣ ба таҷҳизоти васлгардида дар муҳлати кафалотӣ ва пасазкафолатӣ бошанд.

3. Пудратчиёни эҳтимолӣ бо дархости хаттии худ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо муҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешакӣ шинос гардида, баъд аз пардохт намудани ҳаққи бебозгашт дар андозаи 230 сомонӣ  онҳоро дастрас намоянд.

Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд дар озмун тариқи якҷониба ва ё бо муайянгардонии ширкати пешво дар шакли консортсиум иштирок намоянд. Аъзоёни консортсиум барои иҷрои уҳдадориҳои  қарордодӣ ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам муштарак масъулиятро бар душ доранд.

4. Қабули пешниҳоди тендерии иштирокчиён дар намуди лифофаҳои муҳркардашуда аз ҷониби котиби масъули комиссияи тендерӣ (Мухторов Фирдавс Сатторович) дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 то 15 декабри соли 2017 то соати 16.30 амалӣ мегардад. Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.

5. Расмиёти кушодани лифофаҳои дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи комиссияи муштараки тендерӣ дар толори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 15 декабри соли 2017 дар соати 16.35 баргузор мегардад.

Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар раванди кушодашавии лифофаҳо пешниҳод мегардад.

Паёми қаблӣ

Даъватнома барои иштирок дар озмун

Паёми навбатӣ

Таҳқиқи фаннии афкори ислоҳталабии иҷтимоии Аҳмади Дониш

admintj

admintj

Паёми навбатӣ

Таҳқиқи фаннии афкори ислоҳталабии иҷтимоии Аҳмади Дониш

Маълумоти НБО Роғун

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (тоҷ. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун) як неругоҳи барқи обии дар Тоҷикистон сохта шуда дар дарёи Вахш буда, бахше аз каскади Вахш буда, марҳилаи болоии он мебошад. Баъди анҷоми лоиҳа сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон ва нерӯгоҳ ба иқтидори 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мегардад.

Тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735417,
Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40
Тел: (992 3134) 22436 (шӯъбаи умумӣ),
(992 3134) 21517 (қабулгоҳ)
Факс: (992 3134) 22435
E-mail: info@rogunges.tj

Тамос барои хориҷи кишвар

+992 37 2410405

Шабакаҳои иҷтимоӣ

  • 2024 ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфуз аст

© 2024 ҶСК "НБО Роғун"

No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • ТЕНДЕРҲО
    • ХАБАРҲО
    • Ҳисобот
    • ТАЪРИХ
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Бюллетенҳо
    • Овоздиҳӣ
  • МАРКАЗИ МУРОҶИАТҲО
  • Ҷойи кор
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English

© 2024 ҶСК "НБО Роғун"