1. Бо максади конеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳукукӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд – хизматрасон) барои ширкат дар озмуни кушода бо тарики иштироки номаҳдуд ва бо ҳукуки бастани Карордод ҷиҳати харидорӣ намудани молу масолеҳҳои сохтмонӣ, даъват менамоем.
2. Тавсифи муфассал ва шартҳои Карордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом пудратчӣ бо дархости хаттии вай аз шаҳри Душанбе кӯчаи Теҳрон-1, бинои Китобхонаи миллӣ бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:
– Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи ҶСК «НБО Роғун» (арзиши ҳуҷҷат 250 сомонӣ).
3. Барои иштирок дар озмун сари вакт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст, Дархостҳое, ки мутобики талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1430, рӯзи 07 ноябри соли 2018 пешниҳод карда шавад.
Сана ва вакти кушадони дархост: 07 ноябри соли 2018 бо суроғаи ш. Роғун кучаи Сохтмончиён-40 соати 14:30 дар маҷлисгоҳ
4. Шартҳои бокимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд. Телефон барои маълумот; 989990082;