1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҶСФ «Сохтмони асосӣ», ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд – хизматрасон) барои ширкат дар озмуни кушода бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии автомашинаи Бумер даъват менамоем.
2. Тавсифи муфассал ва шартҳои Қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом пудратчӣ бо дархости хаттии вай аз шаҳри Душанбе кӯчаи Теҳрон-1, бинои Китобхонаи миллӣ бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:
– Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи ҶСК «НБО Роғун» (арзиши ҳуҷҷат 250 сомонӣ).
3. Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст, Дархостҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1430, рӯзи 25 сентябри соли 2018 пешниҳод карда шавад.
Сана ва вақти кушадони дархост: 25 сентябри соли 2018 бо суроғаи ш. Роғун кӯчаи Сохтмончиён-40 соати 1430 дар маҷлисгоҳ
4. Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд. Телефон барои маълумот; 989990082;