Ҳамкориҳо бо “Роғун” тақвият хоҳанд ёфт
Санаи 20 феврали соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои муфиду судбахш вобаста ба “Нақшаи чорабиниҳо” зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-13 июли соли 2022 ба Неругоҳи барқи обии Роғун Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода Кенҷа бо гуруҳи мутахассисони Вазорат аз иншооти ин азамати энергетикии ҷумҳурӣ дидан намуданд.
Вазир ва ҳамроҳонашонро шаҳрдории Роғун ва мақомоти роҳбарии ҶСК “НБО Роғун” хуш истиқбол ва пазироӣ карданд. Меҳмонон сараввал дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъият воқеъ дар бинои маъмурии коргоҳ аз ҷониби мутахассисони неругоҳ бо мушаххасоти лоиҳаи беназири “Роғун” тавассути нақшаву диаграммаҳо ва филми мустанади “Роғун-Кохи Нур” муаррифӣ карда шуданд. Зимни суҳбату мулоқотҳо ҳозирини ҷамъомад роҷеъ ба ҳамкориҳо вобаста ба ҷалби неруҳои корӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Роғун суҳбати фасеҳу доманадор оростанд. Босамару созгор доир намудан ва гузаронидани ярмаркаҳои муштараки ҷойҳои кори холӣ, тибқи дархостҳои ҶСК “НБО Роғун” ҷалб намудани қувваи корӣ ва бад-ин манзур андешидани тадбирҳои амалии иловагӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷамъомад қарор гирифт.
Сипас, меҳмонон бо як гуруҳ мутахассисони варзидаи Ҷамъият бо иншооти сохташавандаи неругоҳ, аз қабили Нақби сохтмонии қабати 4, Мавзеи ядрои сарбанди асосии неругоҳ, иншооти Обқабулкунаки доимӣ, Шахтаҳои ҳаводеҳ ва обрасон, Нақбҳои нақлиётии Т-9 ва Т-18, дидбонгоҳи баромадгоҳҳои СТ-1,2, СТ-3 ва СТ-4, ки дар муқобили онҳо қарор дорад, инчунин Толори мошинҳо аз наздик шинос шуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва ҳамкоронашонро шарту шароитҳои кориву истироҳат ва маишати бунёдгарони “Роғун” бетавофут ва бетараф нагузошт.
Онҳо зимни боздид ба ошхонаҳои коргарӣ, аз ҷумла ошхонаи бинои КРУЭ, ошхонаи марказии майдончаи сохтмонии №1, бунгоҳи тиббии Толори мошинҳо мароқ зоҳир намуда, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ниҳояти вохӯриву мулоқотҳо Вазир дар китоби ифтихории “Роғун – Кохи Нур” соядаст гузошт ва итминон бахшид, ки ҳамкориҳои муфиду судбахши тарафайн минбаъд низ вусъат хоҳад ёфт.
С.Қурбонов