Таъзия ба марги муфоҷои Николай Савченков

Таъзия ба марги муфоҷои Николай Савченков Санаи 17 декабри соли 2020 яке аз барӯмандтарин олим, мутахассис ва коршиноси соҳаи гидроэнергетикаи дунё ва имрӯзи Россияву Тоҷикистон олами фониро тарк кард. Николай Савченков барои рушду нумӯи соҳаи гидроэнергетикаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои мадид саҳми созандаву бориз гузоштааст. Николай Савченковро дар Тоҷикистон ҳамчун муҳандис ва гидротехник ҳанӯз аз соли 1962, ки дар бунёди Неругоҳи барқи обии Норак иштироки фаъол доштааст, пиру барно мешиносанд ва эҳтиромашро пазиро ҳастанд. Солҳои 1974 – 1978 дар Шӯрои Вазирони Тоҷикистон низ ифои вазифа намудааст. Тоҷикистониҳо хуб дар хотир доранд вохӯриву мулоқотҳои марҳум Николай Савченковро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ ҳамчун узви машваратии сохтмони Неругоҳи Роѓун бо баландтарин сарбанди 335 метраи дунё ифтихор дошт ва бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар замина робитаи қавӣ барқарор карда буд. Бо қатъияти том метавон гуфт, ки марги муфоҷои Николай Савченков талафоти бузургест дар соҳаи гидротехника ва фоҷеаест дар дилу дидаи мардуми тоҷик. Бо андӯҳи зиёд ба фарзандону пайвандони Николай Савченков – писари азизаш Степан ва наберааш Данила, ки пайроҳаи ӯро пайгирӣ мекунанд ва ҳамсари 87 солааш сабри ҷамил мехоҳем.