Даъватнома барои иштирок дар озмун

1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд – хизматрасон) барои ширкат дар озмуни кушода бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати харидорӣ намудани ғалақаҳо ва молу маводҳо барои истифода дар системаҳои сухторхомӯшкунӣ даъват менамояд.

2. Тавсифи муфассал ва шартҳои Қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом пудратчӣ бо дархости хаттии вай аз шаҳри Душанбе кӯчаи Теҳрон-1, бинои Китобхонаи миллӣ бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:

–Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи ҶСК «НБО Роғун» (арзиши ҳуҷҷат 270 сомонӣ).

3. Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст, дархостҳое,  ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 1430, рӯзи 11 июн соли 2019 пешниҳод карда шавад.

Сана ва вақти кушадони дархост: 11 июн соли 2019 бо суроғаи ш. Роғун кучаи Сохтмончиён-40 соати 14:30 дар маҷлисгоҳ

4. Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд. Телефон барои маълумот;  989990084