ОГОҲИНОМА

ҶСК “НБО Роғун” ба ҳайси ташкилкунандаи озмуни  бо ҳуқуқи бастани шартнома ҷиҳати харидорӣ намудани дизел-генераторҳои эҳтиётии шиддати 0,4кВ барои шахтаи дарвозаҳои садамавию таъмирӣ, толори дарвозаҳои асосӣ ва садамавию-таъмирии нақби сохтмонии СТ-3 бо назардошти назорати муаллифӣ ва бакорандозии таҷҳизот, ки рўзи 07.05.2019 соати 1330 ба нақша гирифта шуда буд ва бо ҳамин мазмун  дар рўзномаи “Ҷумҳурият” аз 17.04.2019 №73 матни эълон чоп шудааст, ба таваҷҷуҳи Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ мерасонад, ки муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерии довталабон то 15 майи соли 2019 соати 1530 тамдид карда шудааст.

Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.

Расмиёти кушодани лифофаҳо бо дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи Комиссияи тендерӣ дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “НБО Роғун” воқеъ дар шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён, 40 дар сана ва вақти болозикр баргузор мегардад.