Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

1.Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҶСК «НБО Роғун» шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд – хизматрасон) барои ширкат дар озмуни кушода бо тариқи иштироки номаҳдуд ва бо ҳуқуқи бастани Қарордод ҷиҳати харидорӣ намудани ниҳоли ҳамешасабзи навъи мажавелни, юка ва ниҳоли себ»  даъват менамояд…

2.Тавсифи муфассал ва шартҳои Қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом пудратчӣ бо дархости хаттии вай аз шаҳри Душанбе кӯчаи Теҳрон-1, бинои Китобхонаи миллӣ бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад:

–Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба хазинаи ҶСК «НБО Роғун» (арзиши ҳуҷҷат 270 сомонӣ).

3.Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳод кардани дархости тендерӣ зарур аст, дархостҳое,  ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба суроғаи ташкилкунандаи озмун на дертар аз соати 14:00, рӯзи 15 майи соли 2019 пешниҳод карда шавад.

Сана ва вақти кушодани дархост: 15 майи соли 2019 бо суроғаи ш. Роғун кучаи Сохтмончиён-40 соати 14:00дар маҷлисгоҳ

4.  Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, дарҷ гардидаанд. Телефон барои маълумот;  989990082