ОГОҲИНОМА

 

ҶСК “НБО Роғун” ба ҳайси ташкилкунандаи озмуни  интихоби пудратчиён бо ҳуқуқи бастани шартнома барои “Иҷроиши корҳои сохтмонӣ аз рӯи лотҳои алоҳида дар соли 2019 ба таваҷҷуҳи Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ мерасонад, ки муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерии довталабон мутобиқи муқаррароти қисми 5 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор, ва хизматрасонӣ» то 5 марти соли 2019 соати 10.00 тамдид карда шудааст.

Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.

Расмиёти кушодани лифофаҳо бо дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи Комиссияи тендерӣ дар толори маҷлисгоҳи ҶСК “НБО Роғун” воқеъ дар шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён, 40 дар сана ва вақти болозик баргузор мегардад.

Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар расмиёти кушодани лифофаҳо пешниҳод мегардад.