ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

(ДИО № 2960/3-855 аз 5 декабри соли 2017)

1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқиро (минбаъд — пудратчиён) барои ширкат дар озмуни хариди кушода бо иштироки номаҳдуди довталабон барои ҳуқуқи бастани шартнома ҷиҳати расонидани хизматрасонӣ оид ба “Васлу насби таҷҳизоти КРУЭ 500/220 кВ” даъват менамояд.

2. Барои ноил шудан ба мақоми тарафи эҳтимолии қарордоди харид пудратчиёни эҳтимолӣ бояд ба талаботҳои тахассусии муҳимтарини ҳуҷҷатҳои тендерӣ ҷавобгӯй бошанд, аз ҷумла:

—     тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдор ҷиҳати ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият дар самти васлу насби таҷҳизоти барқӣ бошанд;

—     дорои салоҳияти кофии касбӣ, техникӣ ва шўҳрати корӣ буда, ҳадди ақал дар давоми панҷ соли охир таҷрибаи иҷрои корҳои пудратӣ аз ҷиҳати таъйинот, мураккабӣ ва ҳаҷми шабеҳ ба предмети харид дошта бошанд;

—     имконияти анҷом додани корҳои бо қарордод пешбинишударо дар муҳлати ёздаҳ моҳи тақвимӣ аз лаҳзаи баимзорасонии қарордоди хариди давлатӣ тибқи ҷадвали асосноккунии марҳилаҳои иҷрои корҳо дошта бошанд;

—     дорои захираҳои молиявӣ, аз ҷумла дар се соли охир гардиши молиявии ҳарсоларо дар андозаи на кам аз ҳафтод миллион сомонӣ дошта бошанд ё дорои манбаи тасдиқгардидаи дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ дар андозае, ки барои иҷрои ўҳдадориҳои қарордодӣ зарур аст, бошанд;

—     дорои неруи кадрӣ, таҷҳизот ва дигар имкониятҳои моддию техникӣ ҷиҳати баъд аз анҷом додани корҳои қарордодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул намудани низоми хизматрасонии техникӣ ба таҷҳизоти васлгардида дар муҳлати кафалотӣ ва пасазкафолатӣ бошанд.

3. Пудратчиёни эҳтимолӣ бо дархости хаттии худ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо муҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешакӣ шинос гардида, баъд аз пардохт намудани ҳаққи бебозгашт дар андозаи 230 сомонӣ  онҳоро дастрас намоянд.

Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд дар озмун тариқи якҷониба ва ё бо муайянгардонии ширкати пешво дар шакли консортсиум иштирок намоянд. Аъзоёни консортсиум барои иҷрои уҳдадориҳои  қарордодӣ ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам муштарак масъулиятро бар душ доранд.

4. Қабули пешниҳоди тендерии иштирокчиён дар намуди лифофаҳои муҳркардашуда аз ҷониби котиби масъули комиссияи тендерӣ (Мухторов Фирдавс Сатторович) дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 то 15 декабри соли 2017 то соати 16.30 амалӣ мегардад. Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.

5. Расмиёти кушодани лифофаҳои дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи комиссияи муштараки тендерӣ дар толори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 15 декабри соли 2017 дар соати 16.35 баргузор мегардад.

Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар раванди кушодашавии лифофаҳо пешниҳод мегардад.