Фарҳод Раҳимӣ: «Таҳқиқи фаннии афкори ислоҳталабии иҷтимоии Аҳмади Дониш барои ислоҳи камбудиҳои иҷтимоии имрӯз хеле муҳим мебошад» (Ба 190 – солагии ин мутафаккири шаҳир бахшида мешавад)

ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  8 декабри соли равон бахшида ба 190–солагии мутафаккири шаҳир Аҳмади Дониш таҳти унвони «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон»  ҳамоиши илмӣ доир намояд. Дар ҳамоиши илмӣ се китоби тозанашр марбут ба ҳаёт ва осори Аҳмади Дониш рӯнамоӣ мегарданд. Бояд зикр намуд, ки асари  ситорашиносӣ- тақвимии  аллома «Зиҷ» то имрӯз  мавриди омӯзиши пажӯҳишгарон  нашуда буд ва инак суратнусхаи (факсимелеи дастхати Аҳмад Махдум) «Зиҷ»- манзури  ҷомеа мегардад, ки армуғони беҳтарин ба 190- умин солрӯзи  аллома  мебошад. Дар ин бора президенти АИ Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ибрози назар мекунад:

Замони зиндагӣ  ва фаъолияти илмию  эҷодии  Аҳмад  Маҳдум  ибни Мирносир ал- Ҳанафӣ   ал- Сиддиқии  Бухороӣ, машҳур ба  Аҳмад  Махдуми Дониш (1827- 1897)  нависанда, шоир, таърихнавис,  донишманд,  мунаққиди беназир ва  ростравон, ходими  намоёни  ҷамъиятӣ, дар яке марказҳои таърихию  фарҳангии Осиёи Миёна- Бухоро  ҷараён гирифта, осори  гаронқадри  адабию таърихӣ,  илмии  ӯ дар таърихи афкори иҷтимоию  сиёсӣ, бадеӣ   ба сифати  мероси камназири  адабию   таърихии    ин садаи  мардумони Осиёи Марказӣ   пазируфта шудааст.

Дар замони   ӯ    симоҳои  баноми адабу фарҳангии мардумони  Осиёи Марказӣ,   чун  Абдуқодирхоҷа  Савдо (1823-1973), Шамсиддин Шоҳин (1866- 1895), Абай  Кунанбой (1845-1904), Токтогул  Сотилған (1864-1933), Ҷунайдулло  Ҳозиқ (1800- 1843), Зокирҷон Фурқат (1858- 1908), Чукан Валихон (1835-1865), Аваз Утар (1884-1919), Муҳаммад  Аминхоҷа Муқимӣ  (1856- 1903), Ҷамбул  Ҷабай (1846-1945), Тошхоҷа Асирӣ (1864- 1916), Ҳамза  Ҳакимзода Ниёзӣ (1889- 1929), Садриддин Айнӣ (1878-1954) ва дигарон зиндагию фаъолият намуда,  навиштаҳояшон дар таърихи  афкори  иҷтимоию  фарҳангии   садаи Х1Х ва оғози садаи  ХХ дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хосса доранд.

Аҳмади Дониш  чун нависанда, таърихнигор, донишманд, хаттоту китоборо, наққош ва мусиқидони соҳиби диди хос аз худ осори гаронқадр   ба мерос гузошта ва навиштаҳояш  «Наводир- ул- вақоеъ», «Рисола дар назми  тамаддун ва таъовун», «Меъёр-ут- тадоюн», «Рисола фи аъмол –ул- кура», «Зиҷ», «Манозир- ул- кавокиб», «Рисолаи хат ва хаттотӣ », «Таъодули хамсаи  мутаҳҳайира», «Рисола ё  мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» ва ғайра  дар таърихи афкори иҷтимоию  сиёсӣ, илмӣ  ва адабию эстетикии   мо ҷойгоҳи хосса  доранд.  Дар замони аллома  Аҳмади Дониш  муаррихони  дигар,  чун   Муҳаммад  Миролими  Бухорӣ («Фатҳномаи султонӣ»), Мирзо Азими Сомӣ  («Таърихи салотини манғития»),  Муҳаммадалии  Балҷувонӣ («Таърихи  нофеӣ»), Муҳаммад Солеҳхоҷа («Таърихи ҷадиди Тошканд»),  Мирзоалии Махдум («Таърихи  Туркистон»),  Муҳаммад  Ёқуб («Таърихи  амирони  манғития»), Садри  Зиё («Силсилаи салотини манғития») ва дигарон доир ба ҳаёти иҷтимоии ин  давра  асарҳо  навишта, вале  осори  аллома  Аҳмади  Дониш аз дидгоҳи таърихӣ, диди таҳлилию  жарфназарӣ, амиқияти андеша, дарки  нафису  баланди воқеъбинӣ   дар таърихи афкори  сиёсию  иҷтимоӣ  ва бадеии мо  ва мардумони Осиёи Марказӣ  беназиранд.

Зиндагию  фаъолияти илмию  эҷодии аллома  Аҳмад Махдуми Дониш дар  яке  аз  давраҳои ноороми сиёсию иҷтимоӣ  ва иқтисодӣ  ва илмию фарҳангии  мардумони Осиёи Марказӣ, замони  ҳукумати  хонадони манғития (1753-1920),  махсусан  ҳукумати Мир  Сайид  Насрулло (1826-1860),  Мир  Сайид  Музаффар (1860-1885)  ва Мир Сайид Абдулаҳад (1885- 1911)  ҷараён  гирифтааст. Бинобар навиштаи  солноманависони  ин сада, аз сабаби шуҳрат ва эътибори баланди адабию  илмӣ, ҷамъиятии Аҳмади  Дониш, ки қишри пешқадаму равшанфикри Бухорову замонааш, шоҳу  сиёсатмадорони Россия  нисбат  ба ӯ  доштанд, амирони манғития  бо  таҳаммул  ба ӯ   муносибат  менамуданд.  Амир  Насрулло (1826- 1860) бо ҳама  таассуботаш  нисбат  ба аҳли илму адаб,  ба ақли баланд ва диди фарохи илмию адабӣ  ва ҷомиашиносии  Аҳмад  Махдуми Дониш  эҳтироми хос дошт. Ӯ солҳои 1846- 1859 ба сифати котиби  дарбори амир Насрулло ифои вазифа  намуда, дар низоми дафтардории ин солҳои  аморат  саҳми хоса гузоштааст. Соли 1857  амир Насрулло  Аҳмад  Махдумро  ба сифати  котиби  масъули  сафорат  барои барқарор  намудани  робитаи  дипломатӣ   ба  Россия  мефиристад.

Аҳмади Дониш новобаста аз сохтори номуназзам ва вазъи буғранҷи сиёсию иқтисодии аморати Бухоро ва хонигариҳои Хуқанду Хева дониши хуби хонаводагӣ гирифта, минбаъд баъди дониши ибтидоиаш бо кӯшишу талоши зиёди  падараш илмомӯзиро  идома медиҳад ва чун як чеҳраи  фикран таҳлилию татбиқии дорои  мустақилияти баёну андеша нисбат  ба таърих, мероси фарҳангӣ ва иҷтимоии  дирӯзу замонааш  ба камол  мерасад. Ӯ  аз овони ҷавонӣ  нисбат ба сохтори  идории манғития ва  хонҳои Варорудон андеша, диду назари  нотакрори таҳлилии  хосса  дошт. Диду назари Аҳмади Дониш  баъди се сафараш ба Россияи подшоҳӣ (солҳои 1857,1869 ва  1873) ба  сохтори идории аморати манғития, ҷомеа, нобасомонии  ҳаёти  иҷтимоию  сиёсӣ  ва фарҳангӣ  боз ҳам дигаргун шуд.  Сафарҳои  ба Россия намудааш  дар олами  андеша ва диди таҳлилию татбиқии  равшанфикрии созанда ислоҳталабии  ӯро  рӯи кор овард.  Диду маниши таҳлилию танқидӣ   ва ислоҳталабии ӯ  дар навиштаҳои  муҳаққиқони ватанию  хориҷӣ   Э. Е. Бертелс, С. Айнӣ, Б. Ғафуров, И.С. Брагинский,  И.   Бечка, Ян   Рипка,  А. Баҳоваддинов,  А. Мирзоев,  З. Раҷабов,  Р. Ходизода,  С. Улуғзода,  И. Муминов,  Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, С. Аҳмадӣ,  Ҳ.  Алгор, Т. Атобакӣ, М. Диноршоев, Ғ. Ашӯров   ва дигарон  аз дидгоҳои таърихию  фалсафӣ, ҷомеашиносӣ  ва  адабӣ   то ҷое  ба қалам омадаанд.

Омили муҳиме, ки дар  диду афкори иҷтимоию адабӣ  ва  илмии Аҳмади Дониш  таҳаввулоти фикрии таҳлилию  татбиқӣ   падид овард,  ин номутобиқ будани сохтори  идории  ҳукумат, риёкории  ба истилоҳ  рӯҳонияти таассубзада, фазои динии номуназзам, фасоду фитна, ақибмондагии феодалии  бе дурнамо,  мактабу маорифи  нобасомону шахшудаю сифтан пасти феодалии аморати манғития ва хонигариҳои    Хеваю  Хуқанд ва амсоли ин буданд. Баъди се сафараш ба Россияи подшоҳӣ  дар диду бардошти ӯ усулан тағйироти  куллӣ   падид  омад  ва ба ҷомеа, муносибот ба оламу одам  назари таҳлилию  муқоисавӣ, ислоҳталабию танқидиаш  бо шеваи нав усулан  ташаккул  ёфтанд.

Дар мубориза  бар зидди  фазои номусоиду буғранҷи иқтисодию иҷтимоии аморати манғития, тағйир додани  ин сохтори бенизому худкома, фасодзада ва олудаи таассуботи ифротии мазҳабию  ақидатӣ   дар атрофи Аҳмади Дониш зумраи андешамандони пурдиду озодманиш ва огоҳи  Бухоро,  чун  Абдуқодирхоҷаи Савдо (1823-1873), Шамсиддини  Шоҳин (1866-1895), Муҳаммадсиддиқи  Ҳайрат (1878-1902), Содиқхоҷа  Гулшанӣ (1861-1910), Раҳматуллоҳи  Возеҳ (1817-1894), Махдуми  Мӯътасим (1837-1896),  Афзал  Махдум (1850-1915), Исо Махдум (1876-1887),  Абусаиди Махдуми  Зарринқалам (1832-1890), Қорӣ   Каромати  Дилкаши Танбӯрӣ  (1845- 1906) ва дигарон  ҷамъ  омаданд. Дар ин маҳфил суханварони навхоҳ,  ислоҳталаб,  равшанбин, мусиқидонону  китобороён  таҳти сарварии  Аҳмади Дониш  фаъолият намуда ва  ин  маҳфил  берун аз  Бухоро  низ  шуҳрат дошт, аз марказҳои хонигарии  Хуқанду  Хева барои такмили донишашон меомаданд.

Аҳмади  Дониш ва ҳамфикронаш  ҳамаи  нобасомониҳои  замони хешро дар бемаърифатию тангназарии  амирони худкомаи  манғития, хонҳои Хеваю Хуқанд ва сохтори идории номуназзами он медонистанд.  Ҳамандешону ҳамсуҳбатони ӯ ашхоси донишманду  одамдида, огоҳ аз вазъи сиёсию иҷтимоию фарҳангии Россия, кишварҳои Шарқи Миёнаю Наздик ва Аврупо буданд ва бисёр мехостанд ин сохтори фарсудаи  манғитиро  тағйир диҳанд, мардумро  ба  сӯи донишу маърифат  раҳнамоӣ  намоянд. Танқиди  сохтори идории давлатӣ, бенизомии таълиму тарбия, бологирии таассуби динию  мазҳабӣ,  муфтхӯрӣ   ва амсоли ин мавзӯъҳои  маҳофили  Аҳмади  Дониш  буданд.

Аҳмади Дониш дар  навиштаҳояш вазъи  ҳаёти  сиёсию  иҷтимоӣ, низоми идории мактабу маориф, сатҳи  пасти  маънавиёти  ҷомиа, диди шахшудаю дар чор девори  феодалии асримиёнаӣ мондаи аморати Бухороро дар чорчӯби танқиди таҳлилию  муқоисавӣ қаламдод намудааст. Диди  таҳлилию  муқоисавии ӯ дар «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» хеле борикназарона  ва бар  пояи далелу бурҳони  қотеъ ба риштаи таҳрир омадааст. Аҳмади Дониш  дар таҳлили  сохтори  идории аморати  Бухоро ва фазои сиёсию иҷтимоии  он  ба сифати  таҳлилгару муаррихи огоҳ намоён  мешавад.

Муҳимтарин андешаҳои ҷомиасози Аҳмади Дониш тавассути чеҳра ва симоҳои марказии  асарҳояш ( «Наводир-ул- вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таъовун») дар шакли  ҳикоя андар ҳикоя баён шуда ва ин сабки баён  ҷанбаи  мӯътамадию  таъсиргузории  андешаҳояшро дар  ҷомиа  дучанд  намудаанд. Танқиду мазаммати  сохтори  идории давлатӣ,  тафаккури  пасти  амирони  манғитиро  ӯ аз номи дӯстон (иштирокдорони фаъоли маҳфилаш) ва  ҳамсуҳбатони дуру наздикаш  бо сабки  пурифодаю  тасвири муассир  қаламдод  менамояд. Дар  бисёр ҳолот танқиди ӯ  кушоду равшан ва сабки баёнаш усулан  тунду ҷасурона  буда,  портрети амирони худкомаю  камсиришт ва  фазои  нобасомони дарбор  моҳиятан ва услубан  памфлети  сиёсии хонадони манғитияро  касб  кардаанд.

Яке аз хориқаи  беназири  Аҳмади Дониш  чун  чеҳраи огоҳ ва ростгӯю воқеъбин бар пояи далелу бурҳони қотеъ фошофош  намудани на фақат сохтори  идорӣ  ва умуман фазои  ҷомиаи  дардманди аморату хонигариҳои феодалии  бефарҳангро  хеле  гузаро ва асосманд  мавзӯи меҳварии  навиштаҳояш  қарор додааст. Сабки  таҳлилию  муқоисавии  ӯ  дар ҷараёни  тасвири  сохтори  идорӣ, фазои номуназзами  фарҳангию ахлоқии  аморату  хонигариҳои Осиёи  Миёна бисёр  воқеъбинона ва дар навбати  худ огоҳонаю  нишонрасанд.  Аз  ин  рӯ  Аҳмади  Дониш  ва осори  гаронмояи  ӯ   яке аз давраҳои муҳими  афкори сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик, дар  маҷмӯъ   Осиёи Миёна  мебошад.

Афкори сиёсию  иҷтимоии  Аҳмади  Дониш  аз он лиҳоз  муҳиму арзишманд  аст, ки саршор  аз  дархостҳои  ислоҳталабию  маърифатӣ  буда ва мероси пурбораш дар ташаккули ислоҳталабию маърифатгустарии   мардумони  Осиёи  Марказӣ   муассир аст. Ин  мавзӯот ва  нукоти  меҳварӣ  дар  асарҳои  ӯ  «Наводир- ул- вақоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Рисола дар назми  тамаддун ва таъовун»  ва  навиштаҳои дигараш  бо як сабки нигориши  нишонрасу воқеъбинона ба қалам омада  ва ин назари  таъсиргузор  дар шакли наву бо диди таҳлилию  муқоисавӣ   идома ёфтани андешаҳои ниёгони хирадманиши мо  ҳамсону ҳамсадо бо тазодҳои  замони  Аҳмади  Дониш  мебошанд.

Сохтори нави таърихӣ ва  ҷунбишҳои нави  сиёсию иҷтимоӣ  дид ва маниши нави таҳлилию муқоисавии  Аҳмади  Донишро ба миён овард. Андешаҳои  сиёсию иҷтимоӣ  ва ислоҳталабии  динии ӯ  дар маҷмӯъ   ягонаю аз ҳам  ҷудонашавандаанд ва ин махсусиёти афкори  ӯ   бояду шояд  таҳқиқи  татбиқии академӣ нашудаанд. Бисёр андешаҳои иҷтимоию сиёсӣ, тафриқаандозии динию  мазҳабӣ, ки аз мо дар фосилаи наздики дусад сол дар навиштаҳои гаронмояи  Аҳмади Дониш  ба қалам омадаанд, то имрӯз дар шакли муқоисавию татбиқӣ ва таҳлилии бунёдӣ омӯхта  нашудаанд. Аввалин муҳаққиқе, ки  хориқаи таърихию  илмӣ,  адабӣ  ва фарҳангии осори  Аҳмади Донишро  эҳсос намуд, устод  Садриддин Айнӣ  (1878-1954)  мебошад.

Шигифтангезии мероси гаронмояи аллома Аҳмади Донишро  устод Садриддин Айнӣ  чун аввалин пешоҳанги омӯзиши шахсияту осори нобиға дар навиштаҳои таърихию адабии хеш «Таърихи амирони  манғити  Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ  дар Бухоро», «Ёддоштҳо» ва амсоли ин  бисёр жарфназарона ба риштаи таҳлилу тафсир оварда, навиштааст: «Аҳмади Дониш ситораи фурӯзон дар осмони тираи Бухоро буд». Минбаъд  ин нуктаҳои  таҳлилии  устод С. Айниро донишмандони  таъриху фалсафа,  адабиёт Е.Э.Бертельс, З.Ш. Раҷабов, С.Улуғзода, Х. Мирзозода А.Мирзоев, А. Баҳоваддинов, Р. Ҳодизода, Ғ. Ашӯров, М. Диноршоев, И.Муминов, С. Аҳмадӣ,  Ҳ.Алгор, Т. Атобакӣ  ва дигарон дар навиштаҳои хеш тақвият додаанд.

Махсусан дар омӯзиши афкори таърихию  фалсафӣ ва  бадеии  Аҳмади  Дониш  муҳаққиқони тоҷик  А.М. Баҳоваддинов,  З. Ш. Раҷабов, С. Улуғзода,  А. Мирзоев, Х. Мирзозода,  Р. Ҳодизода,  Ғ. Ашӯров, М. Диноршоев ва дигарон саҳми арзанда  гузоштаанд.

Аҳмади Дониш на фақат дар рушди адабу фарҳанги тоҷик, инчунин дар ташаккули диди равшанфикрию ислоҳотталаби мардумони  Осиёи Марказӣ  саҳми арзанда гузошта ва бо осори безаволаш саҳифаҳои таърихи афкори иҷтимоию фарҳангии  мардумони ин минтақаро  ғанитар намудааст. Аз ин рӯ ҷомиаи мутамаддини Осиёи Марказӣ ба шахсият ва мероси гаронмояи иҷтимоию бадеии ин фарзонаи фарҳангамон беш аз беш арҷ мегузоранд.  Ба ифтихори  таҷлили 190-солагии  аллома  Аҳмади Махдуми  Дониш  чорабиниҳои  зиёди фарҳангӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва баргузор мешаванд.

Бояд хотирнишон намуд, ки  то имрӯз  бо кӯшиши пажӯҳишгарон асосан осори аллома Аҳмад Махдуми Дониш  дар шакли баргузида  таҳия ва нашр шуданд. Бо кӯшиши  пажӯҳишгарони тоҷик  нашри илмӣ -интиқодии  осори  аллома «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Наводир- ул- вақоеъ», «Меъёр- ул- тадоюн» манзури  ҷомиа шудаанд. Ин осори ӯ  асосан бо такя ва дар заминаи  нусхаҳои қаламии  аз рӯи  нусхаҳои  котибон  рӯнавису таҳияшуда  анҷом ёфта, вале то имрӯз матни илмии интиқодии  дар заминаи дастхати худи Аҳмад Махдуми Дониш рӯи кор наомадаанд. Хушбахтона,  бо кӯшишу ҷустуҷӯҳои  мутассили профессор  Аскаралӣ   Раҷабов дар ҳамкорӣ  бо нусхашиноси варзида  Файзхоҷа  Маҳмудов  дастхатҳои  ду асари Аҳмад Махдуми  Дониш «Наводир- ул- вақоеъ» (тасҳеҳу таҳрири охирин ва хаттотии  аллома, ки соли 1888 анҷом додааст) ва  «Зиҷ» (нусха-дастхати асари астрономии аллома) пайдо шуданд, ки  падидаи муассиру фаромӯшношуданӣ мебошанд.

Таъкид ба  ёдоварист, ки  мавзӯи меҳварии афкори Аҳмади Дониш — ин  ислоҳоти иҷтимоиии  ҷомеа аст ва имрӯз ҳам ин мавзӯъ ба  ғайр аз экстремизми исёнкоронаю  тафриқаандоз  мавзӯи бисёр  муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ,   таҳқиқи фаннии афкори  ислоҳталабии  иҷтимоии  Аҳмади Дониш  барои ислоҳи  камбудиҳои  иҷтимоии  замони имрӯз  ҳам  хеле  муҳим мебошад.