Эълон

барои гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ барои ҶСК «НБО Роғун»

  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ширкатҳои аудитории таҷрибадорро барои иштирок дар озмун бо мақсади гузаронидани санҷиш аз натиҷаи ҳисоботҳои фаъолияти молиявии Ҷамъият, барои давраи соли 2017 даъват менамояд. Интихоби ширкати аудиторӣ, дар асосӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ширкати аудиторӣ мутобиқи методи интихобшуда «Интихоб аз рўи сифат ва арзиш» интихоб карда мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани санҷиш ифодаи ақидаҳои касбии аудиторҳо дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявии Ҷамъият, тибқи стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ ва аудиторӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, бояд иҷро карда шавад.

Аз санаи 10 апрели соли 2017 ширкати аудитории ҳавасманд метавонад Даъватномаро барои пешниҳодот (ДБП) ҷиҳати иштирок дар интихоби озмуни кушода аз суроғаи: 735417, шаҳри Роғун, кӯч. Сохтмончиён 40, телефон барои тамос: 8-(3134) 21-8-56, Факс: 8-(3134) 22-4-35, Почтаи электронӣ: info@rogunges.tj ё 734024, шаҳри Душанбе, кӯч. Теҳрон 1 (ошёнаи якуми бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон), идораи ҶСК «НБО Роғун» дастрас намоянд.

Ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳамзамон пешниҳодоти молиявӣ ва техникии худро мувофиқи талаботи ДБП на дертар аз 2 майи соли 2017 то соати 17:00 ба суроғаи дар боло зикргардида пешниҳод намоянд. Пешниҳодоти молиявӣ бояд алоҳида, дар лифофаи муҳрзада пешниҳод карда шавад. 

Санна, вақт ва мавқеи кушодани пешниҳодоти техникӣ: 3 майи соли 2017, соати 14:00, дар ш. Роғун, кӯчаи Сохтмончиён-40.

Маълумоти иловагиро метавонед бо телефони 98-999-04-77 ё аз суроғаҳои дар боло зикргардида, дастрас намоед.