Ҷараёни иҷрои корҳо дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун
(июни соли 2018)
Бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат-Неругоҳи барқи обии Роғун ба ифтихори ҷашни мубораки 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Дастуру Супоришҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди истеҳсоли барқи аввали Неругоҳи Роғун корҳоро вусъати тоза мебахшанд.
Бад-ин манзур аз тамоми имконоту захираҳои техникиву зеҳнӣ пурсамар истифода карда мешавад.
Моҳи июн дар сохтмон дар маҷмӯъ ба маблағи 232,2 миллион сомонӣ корҳои пешазшартномавӣ ва корҳои алоқаманд ба ЛОТ-ҳои 3 ва 4 иҷро гардиданд, ки аз он 200,9 миллион сомониашро корҳои сохтмону васлгарӣ (СМР) ташкил додааст.
Моҳи июн дар маҷмӯъ ба сохтмон 18 427,1 тонна семент интиқол ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Барои эҳтиёҷоти иншооти сохтмон бо назардошти ЛОТ-и 2 дар ҳаҷми 35 154 м3 омехта ва маҳлули бетон, 42 370 м3 маводҳои инертӣ истеҳсол шудааст.
Айни замон, дар сохтмон 21 135 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла кормандони ширкати “Салини Импреҷило” 1 549 нафар, (хориҷӣ-209 нафар, ватанӣ 1 340 нафар) дар ду вахта ва бастҳои кории шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Шумораи мошину механизмҳо ба 3 409 адад расидааст.
Бо мақсади саривақт бо лоиҳаву харҷномаҳо таъмин намудани иншооти сохтмон тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар нақби сохтмонии СТ-1, корҳои сохтмонии пешазшартномавӣ пурра ба итмом расидааст.
Корҳои ба ЛОТ-и 2 шомилбуда, аз қабили нақбканӣ, гузоштани аркаҳо ва бетонгирӣ аз ҷониби пудратчии ЛОТ-и 2, ширкати “Салини Импреҷило” идома дорад.
Ҳаффорӣ дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 соҳили чап.
Рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1.
Арматурбандӣ ва омодагӣ барои хобонидани бетон дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1.
Дар нақби сохтмонии СТ-2 низ корҳои сохтмонии пешазшартномавӣ пурра ба итмом расидааст.
Дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-2, ки ба ҳаҷми иҷроиши корҳои ЛОТ-и 2 шомил мебошад, корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ ба анҷом расида, корҳои рангуборсозии қолабҳои сақф ва арматурбандии қисмати сақф идома дорад.
Ҳолати омодашудаи қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-2.
Дар нақби сохтмонии СТ-3 низ корҳои сохтмону васлгарӣ идома доранд. Корҳои нақбкании иншооти асосӣ пурра ба анҷом расида, ҳаффории шахтаи вертикалӣ ва нақбҳои дастрасӣ идома дорад.
Моҳона ҳаҷми миёнаи истифодаи оҳанфулузот, аз ҷумла варақаҳои оҳании дар ин иншоот васлу насбгардида 216 тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда аз оғози корҳои сохтмонии нақби мазкур дар маҷмӯъ ба 9 074 тонна расидааст.
Дар баромадгоҳи нақби СТ-3 корҳои заминӣ тибқи лоиҳа аз ҷониби ширкатҳои пудратии “Орми Роҳи Қорун” ва “Элитстрой” анҷом дода мешаванд.
Баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3.
Иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ, пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳои АЖГ, инчунин корҳои сементатсионӣ дар Толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо вусъат меёбад.
Тибқи шартнома ва мутобиқи ҷадвали умумии сохтмон васлу насби таҷҳизоти гидротурбинӣ аз тарафи мутахассисони консорсиуми ҶСП “Балтик-СГЭМ-Комплект” ва ҶСК “ТоҷикСГЭМ” бо иштироки мутахассисони Федератсияи Россия ва мутахассисони ватанӣ идома доранд.
Корҳои ҷамъоварии ротор ва статори гидрогенератори №6 пурра ба охир расида, аз озмоишҳои баландшиддати барқӣ гузаштааст. Статори гидрогенератори №6 барои интиқол ба кратери гидроагрегати №6 омода мебошад.
Васли таякгоҳҳои манъкунии ротор ба анҷом расида, ротори генератори №6 (850тн.) ба кратери гидроагрегати №6 интиқол дода шуд. Интиқоли статори генератори №6 ба кратери гидроагрегати №6 низ амалӣ гардид.
Васлу насби ротори генератори №6 дар шахтаи гидрогенератори №6.
Дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо, васлу насби стерженҳои печакҳои статори генератори №5 ба итмом расидааст.
Корҳои бетонхобонӣ дар атрофи шахтаи генератори №6 идома доранд. Ҳамзамон васлу насби таҷҳизоти турбина давом мекунад.
Тибқи шартнома бо заводи “Турбоатом”-и Ҷумҳурии Украина корҳои системаи ба танзимдарорӣ (Система регулирование) анҷом меёбад.
Бетонхобонӣ дар атрофи зону ва қубури ҷаббандаи турбинаи №5 ба анҷом расида, дар сатҳи 956 м 12 адад такягоҳҳои оҳанини кутрашон 325 мм, барои ба болои он гузоштани статори турбина васл карда, барои устувории такягоҳҳо гирду атрофи онҳо арматурбандӣ шудааст. Статори турбина дар кратери №5 васлу насб карда шуд. Васли камераи спиралӣ дар кратери зикргардида ба анҷом расида, аз озмоиши гидравликӣ гузаронида шуд.
Васлу насби оҳанфулузот дар қубури ҷаббандаи агрегати №5.
Дар сақф ва деворҳои Бинои трансформаторҳо васлу насби анкерҳои минтақаи агрегатҳои №4 то №6 ва васлу насби болорҳои оҳану бетонӣ пурра ба анҷом расидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар Бинои технологӣ-истеҳсолӣ ва Бинои КРУЭ тибқи нақша давом дорад.
Идомаи корҳо дар қисмати берунаи Бинои КРУЭ.
Корҳои васлгарии таҷҳизоти КРУЭ аз 09.02.2018 сол оғоз шудаанд. То имруз ҳамаи қисмҳои васлшавандаи таҷҳизоти дохилии КРУЭ-220 кВ ба дохили бино ворид ва васлу насб шудаанд.
То имруз аз 218 автомашина таҷҳизоти КРУЭ 217-тоаш ба анборҳои Фармоишгар ворид карда шудааст. Аз ин миқдор 9 автомашина таҷҳизоти КРУЭ 220кВ ва 208-тоаш таҷҳизоти КРУЭ 500кВ мебошанд. Интиқоли таҷҳизоти боқимондаи элегазӣ аз заводи истеҳсолкунанда дар арафаи анҷомёбист.
Дар майдончаи таҷҳизоти беруна бетонхобонии таҳкурсиҳои портали баромадгоҳи 500 кВ пурра иҷро гардиданд. Дар қисмати баромадгоҳи 500кВ такягоҳҳои зери таҷҳизоти дар берун васлшаванда 13 адад иҷро гардида, корҳои бетонхобонӣ идома дорад.
Нақби нақлиётии Т-9 ва Т-9I тибқи лоиҳа бо назардошти ҳар ду шоха дарозии 724 метрро ташкил медиҳад. Корҳои ҳаффории нақбҳои мазкур пурра ба итмом расида, корҳои бетонӣ давом мекунад.
Нақби нақлиётии Т-23IIA ва Т-23II, ки роҳи асосиро аз соҳили рост ба шонаи Сарбанд пайваст мекунад, дар ҳаҷми 84 347 м3 ҳаффорӣ шудааст.
Корҳои ҳаффорӣ дар нақби нақлиётии Т-3а ба итмом расида, хобонидани бетони конструктивӣ дар ин нақб идома дорад
Арматурбандӣ барои хобонидани бетони конструктивии сақф дар нақби нақлиётии Т-3а.
Корҳои ҳаффории нақбҳои дастрасии Т18в, Т18с ва Т-18D ба итмом расида, дар нақбҳои дастрасии Т18а корҳои нақбканӣ идома доранд.
Сохтмони роҳҳои нақлиётӣ аз даромадгоҳи нақби нақлиётии Т- 4 то даромадгоҳи нақби нақлиётии Т-18 ва аз Т-18 то Т-9, роҳ аз заводи бетонии №1 то пули “Ж”, шафти амудӣ ва нақби ҳавокаши асосӣ тибқи нақша ҷараён доранд.
Дар қатори дигар иншоотҳои Нерӯгоҳ фаъолияти бунёдгарон дар мавзеи бунёди Сарбанд идома дорад.
Аз тарафи ширкати “Салини Импреҷило” корҳои рехтан ва шиббакунии маводи Сарбанд дар қисматҳои соҳилҳои чапу рост ва рудхонаи биефи болои Пешдарғот бо мақсади васеъ намудан ва бардоштани он то сатҳи 1065 метр давом мекунад.
Ҳолати корӣ дар сатҳи пешдарғот.
Рехтану шибба кардани ҷинсҳои куҳӣ, қуми табиӣ идома дошта, ба масоҳати 12 693 м2 геомембрана васлу насб гардидааст.
Корҳои ҳимояи қабати намак, аз қабили тоза кардани нақбҳои дастрасӣ ва маҷрои дарё, барои васлу насби қубурҳо (обечайка)-и қабати муҳофизатии намак идома доранд.
Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунии қабати намак шуруъ шуда, аз 430 адад чоњи сементатсионӣ 10адад парма карда шудааст.
Рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаи ҳимояи қабати намак.
Айни замон, дар сохтмони иншооти ЛОТ-и 2, шумораи коргарон ва кормандони муҳандисиву техникии дар ду вахта ва бастҳои кории шабонарӯзӣ фаъолиятдошта ба 6 473 нафар расида,бештар аз 830 автомашинаҳои вазнинбор, булдозеру экскаваторҳои муқтадири замонавӣ, техникаи шиббакунӣ (катокҳо) ва дигар механизму таҷҳизоти замонавӣ сафарбар карда шудаанд.
Бунёдгарони асили Роғун Пешвои муаззами миллатро, мутмаин месозанд, ки тибќи Дастуру Супориш ва ҳидоятҳои арзишманди сарвари хирадпешаи хеш дар муҳлатҳои таингардида барқи аввали Роғунро истеҳсол хоҳанд кард.
Шуъбаи матбуоти
ҶСК «НБО Роғун»