ХАБАРҲО

В 2014 году была завершена Экологическая и социальная оценка воздействий проекта Рогунской гидроэлектростанции (ГЭС) на реке Вахш в Республике Таджикистан.

27 октября 2023 г. В 2014 году была завершена Экологическая и социальная оценка воздействий проекта Рогунской гидроэлектростанции (ГЭС) на реке Вахш в Республике Таджикистан. В том же году в Алматы (Республика Казахстан) и в Душанбе (Республика Таджикистан) были проведены консультативные встречи для обсуждения документов этой ОВОСС и других документов планирования. Документы за 2014 год можно найти на этом сайте. ОАО «Рогунская ГЭС» рада сообщить об обновлении документов ОВОСС от 2014 года. Обновление было необходимо для выявления всех новых, различных воздействий на население или окружающую среду в Таджикистане и/или...

Муфассал

ИТТИЛООТ дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

САҲМДОРОНИ МУҲТАРАМ! Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва оинномаи ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи навбатии шӯрои нозирони Ҷамъият аз 15 феврали соли 2023 дар бораи даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» қарор қабул намудааст. Тибқи он Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъият (минбаъд - Маҷлис) санаи 16 июни соли 2023 соати 9:00 баргузор мегардад. Шакли гузаронидани Маҷлис – Маҷлис. Маҳали гузаронидани Маҷлис – шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон-5, бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон». Бақайдгирии саҳмдорон рӯзҳои 14-15 июни соли 2023 аз соати 800 то...

Муфассал

Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард.

 7 феврали соли 2023 Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дидор ба амал овард.Меҳмонон ва ҳайати ҳамроҳонашонро дар идораи Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО Роғун директори генералии Ҷамъият Хайрулло Сафарзода ва кормандони масъули Ҷамъият истиқбол ва пазироӣ карданд.Дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъият бо меҳмонон ва ҳамроҳонашон мулоқот дар мавриди лоиҳаи Неругоҳи Роғун, ҷараёни воқеии корҳо дар иншоот ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба сохтмон сурат гирифт. Зимни сӯҳбат директори генералии неругоҳ меҳмононро бо мушаххасоти...

Муфассал

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд. Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони...

Муфассал

Суханронӣ дар маросими оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

Ҳамватанони азиз!Бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»!Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ! Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат — нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад. Ба ин муносибат кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик менамоям. Ин лаҳзаҳои таърихиро, ҳамчунин,...

Муфассал

Машварати корӣ бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун

26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018  мебошад. Дар кори машварат нахуст гузориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои...

Муфассал

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ — 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахасисон идома дорад.   Бо ҷалби сохтмончиён дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 низ корҳо бомаром идома дошта, тибқи нақша ҳаҷми умумии...

Муфассал

Ҷараёни иҷрои корҳо дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (июни соли 2018)

Бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат-Неругоҳи барқи обии Роғун ба ифтихори ҷашни мубораки 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Дастуру Супоришҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди истеҳсоли барқи аввали Неругоҳи Роғун корҳоро вусъати тоза мебахшанд.    Бад-ин манзур аз тамоми имконоту захираҳои техникиву зеҳнӣ пурсамар истифода карда мешавад.    Моҳи июн дар сохтмон дар маҷмӯъ ба маблағи 232,2 миллион сомонӣ корҳои пешазшартномавӣ ва корҳои алоқаманд ба ЛОТ-ҳои 3 ва 4 иҷро гардиданд, ки аз он 200,9 миллион сомониашро корҳои сохтмону васлгарӣ (СМР) ташкил додааст.    Моҳи    июн    дар    маҷмӯъ    ба    сохтмон     18...

Муфассал

ЭЪЛОН

ҶСФ «Сохтмони Асосӣ»-и ҶСК «НБО Роғун» ба маълумоти кредиторон мерасонад, ки сармояи оинномавии ҷамъият ба маблағи 54 622 700,00 (панҷову чор миллиону шашсаду бисту ду ҳазору ҳафтсад) сомонӣ кам карда шуда, 358 000 000,00 (сесаду панҷову ҳашт миллион) сомониро ташкил медиҳад.

Муфассал