No Result
View All Result
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ХАБАРҲО
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • ТАЪРИХ
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Ҳисобот
  • ТАМОС
  • Асосӣ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ХАБАРҲО
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • ТАЪРИХ
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Ҳисобот
  • ТАМОС
НБО Роғун
No Result
View All Result

Идомаи сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

admintj by admintj
01.09.2016
in Без рубрики
0
0
SHARES
0
VIEWS
Дар Facebook мубодила кунедДар Twitter мубодила кунед

Идомаи сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

 

[su_slider source=”media: 633,634,635,636,637,638,639,640,641,642,643,644,645,646,647,648,649,650,651,652,653,654,655,656,657,658,659,660,661,662,663,664,665″ limit=”41″ link=”lightbox” width=”900″ height=”460″ responsive=”no” title=”no”][su_slider source=”media: 590,591,592,593,594,595,596,597,598,599,600,601,602,603,604,605,606″ limit=”41″ link=”lightbox” width=”900″ height=”460″][/su_slider]

04.08.2016 19:12, шаҳри Роғун

http://www.prezident.tj/node/12693

Ҳамзамон дар макони бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм боздид намуд.

Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори неругоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмуъ 32 метр паҳноӣ, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад.

Ҳоло бунёди дарвозаҳои нақб бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмон ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Инчунин дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 850 метр тамоми корҳои бетонӣ – конструктивӣ ба итмом расидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот дар вохурӣ бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.

 Дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарӯрӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад. Инчунин яке аз нақбҳои амудӣ, устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ сохта мешавад. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии Роғун дар натиҷаи омадани селу боришоти шиддатнок сатҳи оби обанбор боло шуда, ҳолатҳои эҳтимолиро ба вуҷуд орад. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба маҷрои дарё рехта мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи коргарону муҳандисони ин минтақаи сохтмонӣ суҳбат намуда, онҳо ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.

Аснои боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки дар корҳои сохтмони нақби обпартои садамавӣ ва дарвозаҳои дохилӣ аксарият сохтмончиёнро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Паёми қаблӣ

Боздид аз мавзеъи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун

Паёми навбатӣ

Шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО Роғун

admintj

admintj

Паёми навбатӣ

Шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО Роғун

НБО Роғун

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (тоҷ. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун) як неругоҳи барқи обии дар Тоҷикистон сохта шуда дар дарёи Вахш буда, бахше аз каскади Вахш буда, марҳилаи болоии он мебошад. Баъди анҷоми лоиҳа сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон ва нерӯгоҳ ба иқтидори 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мегардад.

Хабарҳо/Тендерҳо

ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ

12.09.2023

ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ

12.09.2023

Тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735417, Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40
Тел: (992 3134) 22436 (шӯъбаи умумӣ),
(992 3134) 21517 (қабулгоҳ)
Факс: (992 3134) 22435
E-mail: info@rogunges.tj

Шабакаи иҷтимоӣ

  • 2023 ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфуз аст

© 2023 Разработано ADMIN.TJ

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ХАБАРҲО
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • ТАЪРИХ
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Ҳисобот
  • ТАМОС
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish

© 2023 Разработано ADMIN.TJ