No Result
View All Result
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
БАНЕРИ ТОҶИКӢ
  • Асосӣ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ХАБАРҲО
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • ТАЪРИХ
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Ҳисобот
  • ТАМОС
  • Асосӣ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ХАБАРҲО
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • ТАЪРИХ
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Ҳисобот
  • ТАМОС
НБО Роғун
No Result
View All Result

Боздид аз мавзеъи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун

admintj by admintj
01.09.2016
in Без рубрики
0
0
SHARES
0
VIEWS
Дар Facebook мубодила кунедДар Twitter мубодила кунед

Боздид аз мавзеъи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун

 

[su_slider source=”media: 609,610,612,613,614,615,616,617,618,619,620,621,622,623,624,625″ limit=”41″ link=”lightbox” width=”900″ height=”460″ responsive=”no” title=”no”]

 05.08.2016 11:38, шаҳри Роғун

http://www.prezident.tj/node/12698

Рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли анбори захираҳои маводи шағалзаминӣ боздид ба амал овард.

Тавре иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як рӯз то ба 30 ҳазор метри кубӣ маводи шағалзаминӣ ба анбор кашонда мешавад. То имрӯз зиёда аз 42 миллион метри кубӣ маводи шағалзаминӣ барои бастани садди об захира гардидааст ва корҳо дар арафаи анҷомёбист. Ҷамъоварӣ ва ҷобоҷогузории сангу шағал ба воситаи техникаву технологияи муосиртарин аз ҷониби 10 ширкати хурду бузург анҷом дода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони масъули ин қитъа ҷиҳати назорати ҳамаҷонибаи сифати маҳсулот ва захираи кофии мавод дастуру супоришҳо дод.

Имрӯз ҳамчунин  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи зериобшаванда ва конҳои шағалзаминии рақами 15 ва 15В боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол маҳз аз ҳамин мавзеъ маводи шағалзаминӣ дастрас ва дар анбор захира карда мешавад. Мувофиқи тадқиқоти коршиносони соҳаи геология дар ин мавзеъ дар кони 15, 48 миллион ва дар кони 15В зиёда аз 20 миллион метри кубӣ маводи шағалзаминӣ мавҷуд аст. Аз оғози кор то ба имрӯз аз конҳои мазкур зиёда аз 60 фоизи мавод ба анбор интиқол дода шудааст. Ҳар як навъи маводи сохтмонӣ, аз ҷониби коршиносони соҳа омӯхта шуда, сипас мувофиқи сифат, навъ ва таъинот дар ҷойҳои муайяни анбор ҷобаҷо мегардад.

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз анбори кони Лаби дара то даромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ1 ва СТ2, инчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар нақби якум ва дуюми соҳили чап ва рости Неругоҳи барқи обии Роғунро мушоҳида намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷарёни корҳо ва суҳбати самимӣ бо коргарон аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифат анҷом додани корҳои таъмириву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Паёми қаблӣ

Мулоқот бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун

Паёми навбатӣ

Идомаи сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

admintj

admintj

Паёми навбатӣ

Идомаи сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

НБО Роғун

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (тоҷ. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун) як неругоҳи барқи обии дар Тоҷикистон сохта шуда дар дарёи Вахш буда, бахше аз каскади Вахш буда, марҳилаи болоии он мебошад. Баъди анҷоми лоиҳа сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон ва нерӯгоҳ ба иқтидори 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мегардад.

Хабарҳо/Тендерҳо

ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ

12.09.2023

ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ

12.09.2023

Тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735417, Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 40
Тел: (992 3134) 22436 (шӯъбаи умумӣ),
(992 3134) 21517 (қабулгоҳ)
Факс: (992 3134) 22435
E-mail: info@rogunges.tj

Шабакаи иҷтимоӣ

  • 2023 ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфуз аст

© 2023 Разработано ADMIN.TJ

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ХАБАРҲО
  • ҲИСОБОТҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
  • МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ
    • Ҳисоботҳои молиявӣ
    • Ҳуҷҷати сиёсат оид ба кӯчонидани аҳолӣ
    • Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и Роғун
  • ТАЪРИХ
  • Аксҳо
    • Видеоҳо
  • Ҳисобот
  • ТАМОС
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish

© 2023 Разработано ADMIN.TJ